Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон марзаш бо Зарафшонро бастааст


Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, мақомоти марзбонӣ ва гумруки Узбакистон ба таври якҷониба марзи худ бо Тоҷикистонро дар минтақаи Зарафшон бастаанд. Дилмурод Рашидов-муовини раиси гумруки минтақаи Зарафшон дар ин бора мегӯяд:

"Номаълум аст, ки барои чӣ баста шудааст. Имруз 12-умин рӯз аст, ки сарҳад баста мебошад. Ҷониби Узбакистон яктарафа бастааст."


Ба гуфтаи вай, ҳатто мусофироне, ки раводид доранд, наметавонанд аз марз бигзаранд. Ҷониби Узбакистон ба дархостҳои пайдарпаи ҷониби Тоҷикистон дар бораи сабабҳои бастани марз посух надодааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи муқаррароти раводиди миёни ин ду кишвар аз соли 2000 ҷонибҳо бояд як моҳ пеш якдигарро аз бастани марз ва сабабҳои он огаҳ кунанд.

XS
SM
MD
LG