Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолияти нозирон дар Гурҷистон шуруъ мешавад


Ховиер Солоно-масъули бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо имруз дар остонаи оғози кори нозирони ин иттиҳодия дар Гурҷистон вориди ин кишвар шуд. Нозирони Аврупо бар ҷараёни оташбас дар Гурҷистон назорат хоҳанд кард. Оқои Солоно бо Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистон мулоқот ва дар бораи таъаҳҳудоти нозирон бо вай гуфтӯгу мекунад. Фаъолияти нозирон рӯзи чаҳоршанбе оғоз мешавад. Аз суи дигар, мақомоти Руссия эълон кардаанд, ки нозирони Иттиҳодияи Аврупо ҳақи вуруд ба минтақаи ҷудоихоҳи Осетиёи Ҷанубиро надоранд.

XS
SM
MD
LG