Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зимни тасвиби як қарор муқаррароти инъикоси кори иҷлосияи 5-уми порлумон дар расонаҳои расмиро мушаххас кардааст.

Бар тибқи иттиллоъи Маркази матбуъоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар муқаррароти тартиби инъикоси кори порлумон ҳеч гуна тағйирот ворид нашудааст. Матни суханрониҳои вакилон дар ҷаласаҳо дар нашрияи «Садои мардум»-органи чопии порлумон дарҷ шуда, дигар расонаҳои расмӣ (телевизиону радио ва хабаргузории давлатии «Ховар») аз ҷаараёни кори он ахбори фишурда нашр хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз вакилони Маҷлис аз чунин тарзи инъикоси кори худ розӣ набуда, онро нокофӣ арзёбӣ мекунанд. Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҳоле тартиби таҷассуми фаъъолияти худ дар расонаҳо ва дар ин замина қарореро таъйид кард, ки бештари вакилони Маҷлис аз инъикоси кори худ дар расонаҳои расмӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Намояндагони ҳар се ҳизби сиёсии порлумонии кишвар (ҲХДТ, ҲКТ ва ҲНИТ) дар ин маврид мавқеъи яксон ва мушобеҳи ҳам доранд. Онҳо гуфтанд, ки расонаҳои расмии кишвар, махсусан расонаҳои савтӣ ва тасвирӣ, дар инъикоси кору фаъъолияти порлумон бетаваҷҷуҳӣ ва беэътиноӣ зоҳир мекунанд.

Дар ҳоле, ки фаъъолияти ҳокимияти иҷроия ва афроди алоҳидаи соҳибмақом ба таври густарда таблиғ мешавад, порлумони кишвар аз назари шабакаҳои расмӣ дар канор мондааст, ки ба навбати худ ҳузури Маҷлисро дар саҳнаи сиёсӣ камранг месозад. Наҳтулло Назаров, вакил аз ҲХДТ, бо интиқод аз муносибати шабакаҳои расмии кишвар, мегӯяд, ки радио ва телевизиони кишвар бояд барои инъикоси фаъъолияти порлумон соатҳои алоҳида ихтисос бидиҳанд: «Фаъъолияти порлумон дар радио ва телевизионҳои ҷумҳурӣ кам инъикос карда мешавад. Телевизиону радио агар тасмим мегирифт ва дар рафти кори кумитаҳо дар вақти хулосабарории қонунҳои алоҳидае, ки аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ва вакилон алоҳида пешниҳод мешаванд ширкат мекард ва аз ҷараёни онҳо намоиш ва ё барнома омода ва пахш мекард, бар манфиъати кор мешуд».

Шодӣ Шабдолов, вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҲКТ, мегӯяд, ки дар бештари мулоқотҳоҳое, ки бо интихобкунандаҳо доштааст, масъалаи фаъъолияти порлумон ва кори воқеъии он дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор мегирифт. Ба эътиқоди ӯ, дар порлумон фикру мулоҳизоти мухталиф ва андешаҳои гуногун садо медиҳанд ва гоҳо ин андешаҳо хилофи мавқеъи ҳукумат низ ҳаст, ки танҳо дар толори порлумон садо медиҳад ва ба самъи интихобкунанда расонида намешавад: «Табиъист, ки андешаҳо ва мавқеъҳои гуногун дар порлумон вуҷуд дорад. Вале чандин сол аст, ки кори порлумон инъикос дода намешавад. Адои вакилон дар телевизион шунида намешавад. Фақат мегӯянд, ки «вакилон… фикру андешаҳояшонро иброз доштанд». Аммо касе намедонад, ки он чӣ фикреву чӣ андешае буд. Ин бисёр муҳим аст, ки мардум аз кори вакил огоҳ бошад. Мумкин фикри пешниҳодкардаи ӯ аз ҷониби дигарон дастгирӣ ёбад, ё, баракс, пуштибонӣ набинад, аммо аз он ҷомеъаро бояд хабардор кард, ки, мутаассифона, дар кори телевизион ин чиз ба назар намерасд. Мо аз инъикоси кори худ қонеъ нестем».

Муҳиддин Кабирӣ, вакил аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар порлумони кишвар, бар ин аст, ки кори порлумон дар расонаҳои расмӣ тавре акс меёбад, ки назар ва мавқеъи вакили алоҳида барои мардум норӯшан боқӣ мемонад. Инъикоси кори порлумон хеле ҳам фишурда ва тақрибан бидуни нишон додани назари мушаххаси ин ё он вакил ба роҳ монда шудааст, иддаъо мекунад М. Кабирӣ: «Аз ҳамин хотир аст, ки тамошобин ба хусус интихобкунанда ҳеҷ огоҳӣ пайдо намекунад, ки вакили вай дар ин ва ё он масъала чӣ гуфт ва чӣ нуқтаи назар дошт. Аз ҳамин хотир тасаввурот нисбати фаъолияти Маҷлис хеле ва хеле ҳам яктарафа ва манфӣ ҳаст, ки ин бевосита ба кори радио ва телевизиони ҷумҳурӣ рабт мегирад, ки ба ин тарафи масъала аҳаммият медиҳад».

Ин вакили мардумӣ муътақид аст, ки инъикоси муносиби фаъъолияти порлумон дар телевизион бар рушди кори вакилон мусоъидат хоҳад кард. Вале оқои Кабирӣ баъид медонад, ки порлумони кунунӣ барои гирифтани соатҳои алоҳидаи телевизионӣ талош кунад.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон ва таҳлилгарон бар ин назаранд, ки инъикоси маҳдуди фаъъолияти порлумон тавассути шабакаҳои сартосарӣ як амали ҳисобшуда аст. Зеро, мегӯянд онҳо, порлумон як минбари хеле муносиб ва муҳимм барои муаррифии шахсиятҳо ба ҷомиъа мешавад ва бо эҷоди маҳудиятҳо дар роҳи нашру пахши фаъъолияти он аз муаррифии чеҳраҳои нави сиёсӣ ҷилавгирӣ ба амал хоҳад омад. Хуршеди Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, дар ин бора мегӯяд: «Аз инъикоси пурраи фаъъолияти депутатҳо як андоза ҷилавгирӣ кунанд, шояд ба хотири онки онҳо ҳамчун сиёсатмадор бештар дар пардаҳои телевизиону дар эфири радиову дар сафаҳоти нашрияҳо камтар аз худ дарак диҳанд. Яъне, ба андешаи ман, ҷилавгирӣ кардан аз инъикоси фаъъолияти пурраи порлумон аз тариқи васоити ахбори оммаи расмӣ як андоза ҳарос аз чеҳраҳои онҳо ҳамчун як сиёсатмадор мебошад».

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст. Аксари мутлақи курсиҳои порлумон дар ихтиёри ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон аст, ки раёсати онро президент бар уҳда дорад. Порлумони Тоҷикистон барои 5 сол интихоб мешавад. Интихоботи навбатии он дар моҳи феврали соли 2010 пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG