Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон "Бунёди Раҳим Масов" таъсис ёфт


Дар Тоҷикистон Бунёди академик Раҳим Масов таъсис ёфт. Ин бунёд, ки номи ин донишманди маъруфи тоҷикро дорад, аслан ба таҳқиқоти илмӣ роҷеъ ба таърихи Тоҷикистон машғул хоҳад шуд. Дар ин бунёд ҳамчунин ҳудуди 8 ҳазор нусха китобҳои шахсии Раҳим Масов ва асноди дигар нигаҳдорӣ мешавад. Бунёд аз ҳисоби худи донишманд таъсис шудааст ва фаъолияти он низ аз ҳамин ҳисоб сармоягузорӣ мешавад. Академик Раҳим Масов - раиси Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносӣ ва мардумшиносии вобаста ба Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон аст ва дар бораи таърихи тоҷикон таҳқиқоти арзишманд анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG