Пайвандҳои дастрасӣ

Қимати газ охири сол таъйин мешавад


Ширкати "Тоҷикгаз" гуфтааст, ки то ҳол дар бораи нархи харидории гози Узбакистон дар соли 2009 бо ин кишвар музокира анҷом нагирифтааст. Соли гузашта ин ду кишвар дар ахирин рузҳо, яъне 28-уми декабр баъд аз музокироти тулонӣ дар бораи нархи гоз ба тавофуқ расиданд ва Тоҷикистон ҳоло барои ҳар ҳазор метри муккааб гози Узбакистон 145 доллар пардохт мекунад. Моҳҳои ахир Узбакистон камтар аз меъёри қарордодӣ ба Тоҷикистон гоз медиҳад, зеро Тоҷикистон 7 милён доллар аз Узбакистон барои гоз қарздор аст. Қисмати аслии ин қарзҳо аз "Барқи Тоҷик" 2-милёну 700 ҳазор ва "Тоҷиксемент" 1-милёну 500 ҳазор аст, ки то ҳол пардохт накардаанд.
XS
SM
MD
LG