Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш аз Юшенко пуштибонӣ мекунад


Президенти ИМА Ҷорҷ Буш аз президенти Украина Виктор Юшенко пуштибонӣ мекунад. Рӯзи душанбе раисҷумҳури ИМА раҳбари рӯ ба ғарби Украиниро дар Қасри Сафед ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот кӯшишҳои узвияти Украина дар паймони НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо арзёбӣ шуданд. Феълан Юшенко дар муқобили сарвазири Украина хонум Юлия Тимошенко қарор дорад. Эътилофи онҳо моҳи равон фурӯ рехт, зеро ду раҳбар дар иртибот бо юриши Русия ба Гурҷистон аксуламали мухолифи ҳамдигар доштанд.
XS
SM
MD
LG