Пайвандҳои дастрасӣ

Собиқ вазири мудофиаи югославӣ шаҳрванди Русия шуд


Вазири собиқи дифоъи Югославия, ки дар Хорватия ҳамчун ҷинояткори ҳарбӣ мавриди пайгард қарор гирифтааст, соҳиби шиносномаи Русия шуд. Хабаргузориҳои Русия иттилоъ додаанд, ки генерал Велийко Кадиевич шаҳрванди Русия шуд ва акнун истирдоди ӯ ғайри имкон аст. Соли 2003-ум додгоҳи шаҳри шарқии Вуковари Хорватия иброз дошт, ки соли 1991 аснои муҳосираи Вуковар Кадиевич ба ҷиноятҳои ҳарбӣ роҳ дод. Ҳамчунон додгоҳҳои шаҳри марказии Беловар дар соли 1992 ва шаҳри шарқии Осиеки Хорватия дар соли 2006-ум Кадиевичро масъули ҷиноятҳои ҳарбӣ донистаанд.
XS
SM
MD
LG