Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии гаравгон озими Судон буд, на Кения


Низомиёни ИМА мегӯянд, киштии украинӣ, ки аз тарафи роҳзанҳои сомалӣ ба гарав гирифта шудааст, мебоист танкҳоро на ба Кения, балки ба Судон интиқол медод. Натан Кристенсен гуфт, возеҳ нест, ки 33 танки Т-72-и истеҳсоли Русия ва муҳимоти ҷангиро кӣ фармоиш додааст. СММ ирсоли силоҳ ба минтақаи Дорфури Судонро мавриди таҳрим қарор додааст. Дар айни замон содироти силоҳ ба ҳукумати марказии Судон ва мақомоти мухтори ҷануби ин кишвар имконпазир аст. Роҳзанҳои сомалӣ дар муқобили раҳоии киштӣ 20 миллион доллар талаб кардаанд. Як киштии ҷангии ИМА дар минтақа буда, назорат дорад, ки танкҳо аз дохили киштӣ берун бароварда нашаванд.
XS
SM
MD
LG