Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи ҳаставии Эрон танқид шуд


Сармуфаттиши ҳаставии СММ иброз дошт, ки таҳқиқи шашсола пешбурди барномаи махфии ҳаставӣ аз ҷониби Эронро аз эҳтимол дур намедонад.
Дар паёми ифтитоҳии конфронси Агентии Байналмилалии нерӯи ҳаставӣ раиси он Муҳаммад Ал-Бародаъӣ саркашии Эрон аз қатъи ғанигардонии уран ва барномаҳои қаблии тавлиди силоҳи ҳаставӣ аз ҷониби Ҷумҳурии исломиро танқид кард. Ал-Бародаъӣ аз Эрон даъват кард, собит намояд, ки чизе барои пинҳон кардан надорад.
Дар ин байн котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс гуфт, ки шаш қудрати ҷаҳонӣ саъй доранд, чораҳо бар зидди идомаи барномаи ҳаставии Эронро арзёбӣ кунанд. Райс қатъномаи рӯзи шанбеи Шӯрои Амнияти СММ-ро "қадами хеле мусбат" номид. Ҳафтаи гузашта Шӯрои Амният бори дигар аз Эрон дархост намуд, ки ғанигардонии уранро қатъ намояд.

XS
SM
MD
LG