Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳли олам интихоботи Беларусро эътироф намекунад


ИМА мегӯяд, ки интихоботи парламентии Беларус ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ набуд. Сухангӯи Департаменти давлатии ИМА Роберт Вуд хотирнишон кард, ки нозирони байналмилалӣ интихоботи рӯзи 28-уми сентябрро танқид намуданд:
"Мо дарёфтем, ки интихобот ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ набуд. Мо ба гузориши Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) низ назар хоҳем кард. Ин арзёбии пешакӣ мебошад. Қарори маълум, мо мехоҳем бо ҳукумати Беларус ҳамкорӣ кунем ва дар ҷустуҷӯи чунин имкон хоҳем буд. Такрор мекунам, ки ин гузориши пешакӣ аст ва умедворем, ки баъдан дар ин бора тафсилоти бештар пешкаши шумо хоҳем кард."
Нозирони интихоботи Беларус таъкид кардаанд, ки маъракаи интихоботӣ зери назорати шадид буда, аснои ҳисоби овозҳо тақаллуб ҷой дошт.
Комиссияи Аврупоӣ аз Беларус даъват кард, ки бо нозирон ҳамкорӣ кунад.
Дар изҳороти САҲА гуфта мешавад, ки сарфи назар аз баъзе беҳбудиҳо нисбат ба маъракаҳои пештара интихоботи рӯзи якшанбеи Беларус ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ набуд.
Комиссияи интихоботии Беларус мегӯяд, ки ҳамаи 110 курсии Маҷлиси поёнии парламентро тарафдорони президенти ин кишвар Александр Лукашенко ишғол хоҳанд кард.
Мухолифини Лукашенко аз ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо даъват кардаанд, ки натиҷаҳои интихоботи Беларусро эътироф накунанд.

XS
SM
MD
LG