Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрд дар идораи полиси Пактикои Афғонистон


Мансабдори паймони НАТО, ки нахост номаш ошкор шавад, мегӯяд, рӯзи якшанбе дар ҷануби Афғонистон як афсари полиси афғон дар дохили идораи полис ба тарафи сарбозони НАТО оташ кушода, як сарбози амрикоиро ба қатл расонд. Ҳамин манбаъ меафзояд, сарбозони амрикоӣ ҳамроҳ бо сарбозони афғон як ҷангҷӯро барои бозпурсӣ ба идораи полис оварда буданд. Вале афсаре, ки дар дохили яке аз идораҳои полиси вилояти Пактико менишаст, сӯи онҳо оташ кушод. Сарбозони амрикоӣ бо оташи ҷавобӣ ин афсари полиси афғонро ҳам ба ҳалокат расондаанд. Дирӯз паймони НАТО изҳороте пахш намуда, иброз дошт, ки бар асари "ҷанҷол"-е як афсари полиси афғон ва як сарбози НАТО ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG