Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши ҷомеаи байналмилалӣ ба интихоботи Беларус


ИМА гуфт, ки интихоботи парлумонии Беларус мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ набуд. Сухангӯи вазорати хориҷа Роберт Вуд таъкид кард, ки нозирони байналмилалӣ интихоботи рӯзи якшанберо танқид карданд:

"Аз назари мо интихобот ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ набуд. Мо ба гузориши САҲА таваҷҷӯҳ кардем. Ва аммо ин хулосаи аввалия аст. Мо хоҳони ҳамкорӣ бо ҳукумати Беларус ҳастем ва роҳи ташкили ин корро андеша дорем. Ин як мутолеаи аввалия аст ва умедворем, ки каме дертар тафсилоти бештарро ба манзури шумо ироа хоҳем кард".

САҲА имрӯз гуфт, ки интихоботи парлумонии Беларус алорағми пешравиҳои кӯчакаш аммо мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ набудааст. Дар ҳамин ҳол Комиссиюни Аврупо аз мақомоти Минск тақозо кард, ки бо нозирони байналмилалӣ ҳамкорӣ кунад. Субҳи имрӯз Комиссиюни марказии интихоботҳои Беларус гуфт, ки аҳзоби мухолифин натавонистанд дар интихоботи парлумонии рӯзи якшанбе ба ҳадди аққал як курсии маҷлис даст ёбанд.

XS
SM
MD
LG