Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи "ТАлКо" барои ҷалби аудитори хориҷӣ


Normal 0

Ширкати азими давлатии тавлиди алюминий дар Тоҷикистон барои таҳқиқи мустақилонаи фаъолиятҳои молияш дар солҳои 2006 ва соли 2007 озмун эълом кардааст. Сандуқи Байналмилалии Пул дар як гузориши ахираш ибрози нигаронӣ карда буд, ки фаъъолиятҳои молии ширкати “ТАлКо” норавшан боқӣ мемонад. Ширкати “ТАлКо” дар сомонаи интернетии худ мегӯяд, аудитори хориҷие, ки барандаи озмун эълом хоҳад шуд, бояд таҳқиқи фаъолиятҳои молии “ТАлКо” – ро аз аввали моҳи оянда шурӯъ карда ва то моҳи марти соли 2009 ба поён расонад. Ширкат бо нашри нишондодҳои иқтисодии худ дар соли 2006 ва соли 2007 гуфтааст, ки имсол 421 ҳазор тонна алюминий тавлид кардааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 8 ҳазор тонна зиёд аст.


XS
SM
MD
LG