Пайвандҳои дастрасӣ

Конгресси ИМА тарҳи молии Бушро баррасӣ мекунад


Баъд аз 10 рӯзи интизорӣ, ки оё давлати Амрико бахши бонкиашро чӣ гуна наҷот хоҳад дод, тавофуқи ниҳоӣ дар ин замина ба даст омадааст.

Раҳбарони Конгресс баъд аз музокироти тӯлонӣ бо мақомоти Кохи Сафед мегӯянд, омодаанд ин тарҳи 700-миллиарддолларии раҳоӣ аз бӯҳрони молиро дар дасти баррасии ҳарду маҷлиси Конгресс қарор диҳанд.

Дар ҷараёни 10 рӯзи музокирот бо раҳбарони Конгресс ёддошти ибтидо ҳамагӣ иборат аз се саҳифаи вазири дороии Амрико Ҳенрӣ Полсон ба андозае таҳриру тағйир хӯрд, ки дар ниҳоят аз ин музокирот як барномаи бузурги 110-саҳифаӣ берун омад. Ҳарчанд маблағе, ки Полсон барои наҷоти Волл Стрит мепурсид, ҳамон 700 миллиард доллари қаблӣ боқӣ монд.

Ёддошти Полсон асосан харидории қарзҳои ба истилоҳ “бад”-и бонкҳо аз сӯи давлатро дар назар дошт, вале ба тарҳи ниҳоӣ бандҳое низ замм шудааст, то амрикоиҳои оддиро итминони хотир диҳад, ки ин 700 миллиард доллар ёронаи давлат ба бахши молӣ нест.

Раҳбари Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико Ненсӣ Пелосӣ зимни муаррифии натоиҷи музокирот низ ба ҳамин нукта таъкид кард: “Мо мехоҳем андоздиҳандаи амрикоӣ, Майн Стрит, яъне тиҷорати хурд, ҳамаи амрикоиҳоро аз бӯҳрони Волл Стрит ҷудо кунем. Мардум бояд бидонанд, ин барномаи наҷоти Волл Стрит нест. Ин сармоягузорӣ ба хотири дубора ба кор андохтани иқтисоди мост.”

Раҳбари демократҳо дар Сенат Ҳаррӣ Рейд низ ба хонум Пелосӣ ҳамовозӣ кард ва гуфт, тарҳи ниҳоӣ маҳсули муштараки кори вакилон аз ҳарду ҳизби демократу ҷумҳурихоҳ ва ҳарду номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурист: “Ин ҷо ҳарду ҳизб мушорикат карданд. Гуфтанист, ҳарду номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ низ дар ин кор саҳм доранд. Онҳо ҳарду субҳи имрӯз ин тарҳро тарҳи хуби қонун тавсиф карда, зераш имзо гузоштанд. Акнун, мо бояд ба он раъй диҳем.”

Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш низ рӯзи душанбе аз Конгресс даъват кард, ин барномаи, ба гуфтаи ӯ, “ҷасурона”-и 700-миллиарддоллариро, ки ба эътиқоди оқои Буш, решаҳои бӯҳрони пешомадаро ба ҳадаф дорад, зудтар тасвиб кунад: “Конгресс метавонад бо тасвиби ҳарчӣ зудтари ин тарҳ ба бозорҳои дохилу хориҷ як паёми қавӣ бифиристад. Ҳар як узви Конгресс ва ҳар як шаҳрванди Амрико бояд дар ёд дошта бошад, ки раъй додан ба пуштибонӣ аз ин тарҳ раъй додан ба пуштибонӣ аз гирифтани пеши роҳи тахриботи иқтисодиест, ки ба шумову ба ҷомиаи шумо зарба мезанад.”

700 миллиард доллари пешниҳодӣ бузургтарин дахолати молии давлати Амрико ба бозор аз замони Бӯҳрони бузурги соли 1929 маҳсуб мешавад, вале бар асоси назарсанҷиҳо, аксари амрикоиҳои оддӣ ҷонибдори ин тарҳ набудаанд.

Ба ҳамин далели мухолифати амрикоиҳои оддӣ, раҳбарони Конгресс дар тӯли 10 рӯз тарҳи пешниҳодкардаи вазири дороӣ Ҳенрӣ Полсонро ба истилоҳ аз сӯзан гузаронданд ва ба он бандҳое илова карданд, ки ҳимояти ҳаққи андозсупорандагони оддӣ таъмин кунад. Ин масъала вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳам аъзои Сенатро то охирин лаҳзаи рафтан ба пеши сандуқҳои раъй ҳамчунон пойбанди андеша нигоҳ хоҳад дошт.

Ненсӣ Пелосӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Конгресс ба ин нукта таъкид мекунад, ки тарҳи раҳоӣ аз бӯҳрон ба хотири наҷоти сардамдорони Волл Стрит нест: “Мо ба Волл Стрит паём мефиристем, ки тӯй тамом шуд. Даврони чатрҳои тиллоӣ барои маъмурони баландпарвози Волл Стрит ба поён омад ва андоздиҳандаи амрикоӣ дигар баҳои бемасъулиятиҳои Волл Стритро нахоҳад пардохт. Ва ин аст хабаре, ки ин қонун мерасонад.”

Бо ин ҳол, рӯзи душанбе низ дар бозорҳои Осиёву Аврупо уфти қимати саҳом идома ёфта, фурӯши саҳом дар бозори бруси Ню-Йорк низ бо пойинравии қиматҳо шурӯъ шуд. Уфти қиматҳо дар бозорҳои бурс дахолати ҳарчӣ бештару бештари давлат дар умури бозорро тақозо мекунад. Рӯзи душанбе Бонки марказии Ҷопон ба бозор иловатан 14 миллиард доллари дигар рехт. Бонки Австралия дар ин рӯз ба бозор беш аз 2 миллиард доллари дигар даровард ва гурӯҳи молии “Фортис” маҷбур шуд, чизе бештар аз 11 миллиард евро сармоягузории муштараки давлатҳои Белжику Ҳолланд ва Люксембургро бипазирад. Ба хотири аз вартаи бӯҳрон берун овардани ин яке аз 20 бонки аввали Аврупо ҳатто раиси Бонки марказии Аврупо Жан Клод Трише вориди музокирот шуда буд.

“Ҳипо Риал Истейт” низ дар остонаи анҷоми музокирот бо як гурӯҳи бонкҳо ба хотири дарёфти маблағест, ки хатари расвоии молиро аз болои сари ин бонки дар гузашта пешсаф дар бозори манзили Олмон дур андозад. Давлати Бритониё мехоҳад бонки низ наздик ба расвоии “Брэдфорд энд Бинглӣ”-ро миллӣ гардонда, 200 дафтар ва суратҳисобҳои ин бонкро ба маблағи умумии 24 миллиард паунт, муодили 44 миллиард доллари амрикоӣ ба фурӯш гузорад.

XS
SM
MD
LG