Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди САҲА аз интихоботи Беларус


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфт, ки интихоботи порлумонии Беларус мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ набудааст.

Бо пахши изҳороте шоми душанбе ҳайати интихоботии САҲА, ки дар раъйдиҳии 28 сентябр 450 нозири худро сафарбар карда буд, гуфт, "интихоботи рӯзи якшанбеи Беларус новобаста ба пешравиҳои андакаш ба тақозоҳои САҲА мутобиқат намекард". Дар изҳороти ин созмон омадааст, ки нозирони онҳо ба беш аз сеяки нуқтаҳои раъйдиҳӣ роҳ дода нашуданд ва дар чанд ҳодисаи дигар шоҳиди тақаллуби махсуси натиҷаҳои интихобот гардиданд.

Қабл аз интихобот Александр Лукашенко, раисиҷумҳурии Беларус, боумед гуфта буд, ки интихоботи ахири порлумонӣ сафҳаи навро дар равобити Ғарбу Беларус боз хоҳад кард. Аммо натиҷаҳои ин раъйдиҳӣ айнан мисли ҳамон буд, ки дар интихоботҳои гузашта дидан мумкин аст.

Лидия Ермошина, раиси комиссиюн, дар нишасти матбуотие дар Минск рӯзи душанбе гуфт, ки ҳеҷ як номзади оппозитсиюн ба порлумон роҳ наёфт. Вай афзуд: "Ман ҳеҷ гуна тавзеҳе дода наметавонам, танҳо арқоми бадастомадаро шарҳ медиҳам. Натиҷаҳо аз он далолат мекунад, ки сабаби ба порлумон роҳ наёфтани онҳо ин аст, ки интихобкунандаҳо раъй надоданд. Ман қабул дорам, ки дар сурати наздик будани нишондодҳои номзадҳо чизеро баҳс кардан мумкин аст. Аммо агар шумо тафовути шумори овозҳоро дар миёни намояндаҳои мухолифин ва онҳое, ки барояшон овоз доданд, бубинед, ин нишондод аслан ғайри қобили қиёс аст".

Дар миёни номзадҳои мухолифин Сергей Калякини коммунист тавонист нисбат ба дигарон раъйи бештари мардумро ба даст орад, вале ҳамоно натиҷаҳои интихоботӣ ҳокӣ аз он буд, ки вай танҳо 15,6 дар сади овозҳоро дар қитъаи интихоботиаш ба даст овардаасту халос. Ҳарчанд эълони натиҷаҳои ниҳоии раъйдиҳӣ дар пеш аст, аммо аз ҳоло маълум аст, ки курсиҳои порлумон ҳама насиби номзадҳои вафодор ба раиси ҷумҳурӣ шудааст.

Аз назари таҳлилгарон, ин натиҷаҳо комилан хоси сиёсати солҳои охири Беларус аст, ки ҳама чорабиниҳои сиёсиро дар фазои назорат ва маҳдудиятҳои шадид баргузор мекунад. Аммо президент Лукашенко, ки бар сари қимати афзояндаи газ бо Маскав дучори мухолифат шуда талош дорад бо Ғарб иртиботи хуб барпо кунад, хост, ки ин навбат интихобот ба гунаи дигар баргузор шавад. Иттиҳодияи Аврупо, дар ҷавоб ишора кард, ки дар сурати баргузории интихобот поку бетақаллуб таҳримҳоро алайҳи Минск сабуктар хоҳад кард. Аз ҳамин хотир, Лукашенко талош кард намоиш диҳад, ки интихобот ин навбат бештар шабеҳи як сабқати воқеии сиёсӣ хоҳад шуд.

Дар феҳрасти довталабони курсии вакилӣ исми беш аз 260 номзад, ба иловаи ҳудудан 80 узви ҳизбҳои мухолифин навишта шуд. Ва аввалин мунаққидони раъйдиҳии рӯзи якшанбе ҳамин ҳизбҳои оппозитсиюн буданд, ки бо даъвати беш аз 800 нафар шоми якшанбе як намоиши эътирозиро дар маркази Минск ташкил карданд. Мухолифин интихоботи ахирро як шармандагӣ баҳо дода маҳкум карданд. Онҳо гуфтанд, ки раъйдиҳии иловагӣ ба мақомот имкони тақаллубро фароҳам овард, чунки ин қисмати раъйдиҳӣ аз наздик мушоҳида нашудааст.

Александ Казулин, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии марти соли 2006 дар муқобили Лукашенко қарор дошт ва барои ташкили гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ба мӯҳлати панҷу ним сол равонаи зиндон шуд, қабл аз мӯҳлат ва чанд рӯз пеш аз интихобот ба озодӣ баромад. Духтари вай Волҳа довталаби курсии вакилӣ дар парлумон буд, аммо ӯ ҳам танҳо ба бурдани 8,6 дар сади раъй муваффақ шуду халос. Казулин гуфт, ки мухолифин факту далелҳои зиёд дар ихтиёр дорад, ки ба тақаллуби баргаҳои раъйдиҳӣ ишора мекунад. Аммо бо ин вуҷуд вай аз Ғарб даъват кард, ки ба идомаи гуфтушунид бо Беларус иқдом кунад:

"Албатта набояд дар баробари режими сиёсии Беларус дарҳо баста шавад. Бо он кор бояд кард, онҳоро омӯзиш додан даркор аст, ки кор дар ҷомеаи дунявӣ бояд чӣ гуна ҷараён гирад. Гуфтугӯву музокира ин ҳамкорӣ аст ва ин ҳамкорӣ наздик шудан ба самти ҳамдигарро дар назар мегирад. Ва агар Ғарб ба ҷониби режими сиёсии Беларус ҳаракат кунад, тавре бояд кард, ки аз тарафи муқобил ҳам ҳамин гуна иқдоме анҷом шавад. Изҳороту даъватҳо лозим нест, кори мушаххас бояд кард, то ки тағйироти воқеӣ дар заминаи демократикунонии ҷомеаи Беларус ба миён ояд".

Натиҷаҳои расмӣ ва ниҳоии интихобот бояд рӯзи ҷумъа эълон шавад. Порлумони Беларус аз 110 курсӣ иборат аст ва нишасти нахустини ҳайати маҷлиси нав бояд 25 октябр баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG