Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Горбачев дар садади таъсиси ҳизби сиёсӣ аст


Раиси ҷумҳурии пешини Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев гуфт, ки бо Александр Лебедев, як бонкдори рус ният дорад ҳизби нави сиёсиро ташкил кунад. Ин хабарро рӯзномаи The New York Times бо такя ба мусоҳибаи Лебедев нашр кардааст. Сухангӯи Лебедев дар сӯҳбат бо бахши русии радиои Озодӣ ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ки дар заминаи Иттиҳоди сотсиал-демократҳо ба раҳбарии Михаил Горбачев онҳо ният доранд, ки дар пешорӯи интихоботи парлумонии соли 2011 созмони нави сиёсиро бо исми "Ҳизби мустақили демократии Русия" ташкил кунанд. Онҳо гуфтаанд, ки заминаҳои ширкат дар интихоботро барои ҳизби худ фароҳам хоҳанд овард. Муовини раиси Иттиҳоди сотсиал-демократҳо Михаил Кузнетсов дар сӯҳбат бо чанд нашрияи интернетии русӣ гуфт, ки ҳоло корҳо барои ташкили ин ҳизб шурӯъ шудааст ва зарурат барои ташкили як ҳизби нав аз он назар пеш омадааст, ки ба қавли онҳо "дар Русия алъон як нирӯи амалкунандаи мухолифин вуҷуд надорад".
XS
SM
MD
LG