Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони молӣ бонҳои аврупоиро асар кард


Чанд бонки аврупоӣ қурбонии тозаи бӯҳрони молии сартосарӣ шуданд. Ҳукумати Бритониё имрӯз аз миллисозии бонки Bradford & Bingley хабар дод, ки бо қарзи хона машғул будааст. Дар ҳамин ҳол, кишварҳои узви иттиҳодияи Бенелюкс (яъне Белгия, Ҳолланд ва Люксембург) ваъда доданд, ки низоми бонкии Белгияву Ҳолланд ва ширкати азими суғурта - Fortis-ро аз варшикастагӣ наҷот медиҳанд. Дар давоми рӯз раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ бояд бо раҳбарияти калони бонкҳо ва ширкатҳои бимаи азими кишвараш мулоқот карда вазъи молии бӯҳронии ҷаҳонро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG