Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

UNHCR: 20000 покистонӣ ба Афғонистон фирор карданд


Комиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон гуфт, ки 20 ҳазор сокини Покистон ба хотири ҳифзи ҷонашон аз даргириҳои идомаёбандаи миёни артиш ва ҷангиён дар манотиқи қабиланишин ба хоки Афғонистон фирор карданд. Раиси комиссариёи СММ дар умури паноҳандагон гуфт, ки минтақаи қабиланишини Баҷурро ахиран ҳудудан чор ҳазор хонавода тарк карда дар вилояти Кунари Афғонистон панаҳ бурдаанд. Ду моҳи пеш артиши Покистон як амалиёти фарогири ҷангиро зидди ситезаҷӯён дар вилояти Баҷур ба роҳ монд ва дар натиҷа, ҳазорҳо мардуми осоишта маҷбур ба маконҳои амн кӯч бастанд.
XS
SM
MD
LG