Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хушунатҳои нав дар Афғонистон


Афроди мусаллаҳе, ки сиёсатмадори афғонро ҳадаф қарор доданд, чаҳор муҳофизи ӯро ба ҳалокат расонданд. Мақомот гуфтанд, ки ин ҳодиса дар вилояти ҷанубии Қандаҳор рӯй дод, вақте гурӯҳи мусаллаҳ ба ҷониби мошини раиси шӯрои вилояти ҳамсояи Зобул оташ кушод. Дар натиҷа, Муҳаммад Ҳошими Гранай аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурда, аммо чаҳор муҳофизи вай кушта шуданд. Дар ҳодисаи ҷудогонае нирӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятии таҳти сарпарастии НАТО гуфтанд, ки як сарбози ин нирӯҳо дар ҳамлае дар шарқи Афғонистон дирӯз кушта шуд. Тибқи иттилои хабаргузории Франс-Пресс, соли ҷорӣ дар Афғонистон дасти кам 218 сарбози хориҷӣ ҷони худро аз даст додаанд.
XS
SM
MD
LG