Пайвандҳои дастрасӣ

Сурия гурӯҳи исломиеро дар таркиш муттаҳам кард


Сурия имрӯз гуфт, ки таркиши маргталабонаи рӯзи шанбе, ки мунҷар ба марги 17 нафар шудааст, кори дасти як гурӯҳи мазҳабии исломӣ мебошад. Хабаргузориҳои расмӣ мегӯянд, мошини ҳомили маводи тарканда ба хоки Сурия аз як кишвари ҳамсояи арабӣ ворид шудааст. Дар ин иттилоия аммо исми кишвари мушаххасе бурда намешавад. Ҳамсоякишварҳои Сурдия - Урдун, Ироқ ва Лубнон мебошанд. Дар тӯли бист соли ахир ин маргбортарин таркише будааст, ки дар хоки Сурия рух медиҳад.
XS
SM
MD
LG