Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифин ба парлумони Беларус роҳ наёфтанд


Комиссиюни марказии интихоботҳои Беларус мегӯяд, ки аҳзоби мухолифин натавонистанд дар интихоботи парлумонии рӯзи якшанбе ба ҳадди аққал як курсии маҷлис даст ёбанд. Лидия Ермошина, раиси комиссиюн дар нишасти матбуотие дар Минск гуфт, ки "ҳеҷ як номзади оппозитсиюн интихоб нашуд". Вай афзуд:

"Ман ҳеҷ гуна тавзеҳе дода наметавонам, танҳо арқоми бадастомадаро шарҳ медиҳам. Натиҷаҳо аз он далолат мекунад, ки сабаби ба парлумон роҳ наёфтани онҳо ин аст, ки интихобкунандаҳо раъй надоданд. Ман қабул дорам, ки дар сурати наздик будани нишондодҳои номзадҳо чизеро баҳс кардан мумкин аст. Аммо агар шумо тафовути шумори овозҳоро дар миёни намояндаҳои мухолифин ва онҳое, ки барояшон овоз доданд, бубинед, ин нишондод аслан ғайри қобили қиёс аст".

Комиссиюни марказии интихоботҳои Беларус гуфт, ки ҳамаи 110 курсии парлумон насиби сиёсатмадорони вафодор ба раиси ҷумҳурӣ Александр Лукашенко шудааст. Натиҷаҳои расмӣ ва ниҳоии интихобот бояд рӯзи ҷумъа эълон шавад. Дар давоми рӯзи душанбе қарор аст Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, ки 500 нозири худро ба интихобот эъзом кардааст, хулосаҳои худро аз тарзи баргузории раъйдиҳӣ маълум кунад. Мухолифини Беларус гуфтанд, ки раъйдиҳии ахир як шармандагӣ аст.
XS
SM
MD
LG