Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳйиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки таййи як сафари хидматӣ барои дидору гуфтугӯ бо муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия буд, ба ватан баргашт ва натоиҷи онро ба хабарнигори родиюи «Озодӣ» чунин баён кард:

- Сафари банда бо роҳхати порлумон ва мувофиқаи роҳбарияти Маҷлиси Намояндагон ҳамчун вакили мардумӣ барои вохӯрӣ бо ҳамватанон ва муҳоҷирини корӣ дар Русия анҷом гирифт. Тӯли ин сафар аз шаҳрҳои Маскав, Тула, Қазон, Уфа ва Санкт-Петербург дидан кардам. Дар ҳар як шаҳр бо муҳоҷирини кории тоҷик ҳадди ақалл ду мулоқот анҷом додам.

Фикр мекунам, ин сафари ман ҳамчун вакил муфид буд, то аз вазъи ҳамватанони хеш огоҳ бошам. Ҳамчунин, барои ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон ҳам аз манфиъат холӣ нест. Зеро ҳатман як гузоришеро бо назардошти дархосту пешниҳодҳое, ки зимни сафар аз сӯи ҳамватанони мо дар Русия гуфта шуд, ба унвони роҳбарияти Маҷлиси Намояндагон ва ҳукумат ироъа мекунем.

- Ҷаноби Кабирӣ, то замони бозгаштатон аз Русия як хатту хабарҳое ҳам буд, ки гӯиё миёни Шумо ва масъулони сафорати Тоҷикистон дар Маскав як нофаҳмӣ ва ноҳамоҳангие рӯ задааст. Аслан, ин ноҳамоҳангӣ рӯи чи масъалае буд? Ва ҳамчунин мехоҳем бигӯед, ки то чи андоза сафорат барои баргузории ин сафари Шумо мусоъидат кард?

- Аслан байни мо ва сафорат ҳич нофаҳмие набуд. Баръакс, рӯзи аввале, ки банда ба Маскав рафтам, ҷузъиёти сафарро бо сафир Абдумаҷид Достиев машварат кардем. Ин нахустин сафари як вакил ба Русия буд. На порлумон ин таҷрибаро доштааст ва на сафорат. Мо ҳам ин таҷрибаро надоштем, ки сафарҳои вакил ба хориҷ аз кишварро кӣ бояд ташкил кунад: порлумон, сафорат ва ё худи вакил. Ин ноҳамоҳангӣ аз набудани таҷриба сар зад.

Сабаби аслии ин ноҳамоҳангӣ напардохтани маблағи толор барои дидор бо муҳоҷирин буд. Баъд аз он ки ин ҳамамаблағро пардохт кардам, ба мо гуфтанд, ки, агар ҳар рӯз мехоҳед, биёед, мулоқотро анҷом диҳед. Албатта, он иттилоъе, ки дар расонаҳои хабарӣ пахш шуд ва он тобишҳое, ки ба ин масъала дода шуд, то андозае маро низ нороҳат кард. Мо ҳама камбудӣ кардем: сафорат, порлумон ва вакил. Билохира, бояд як кас масъулиятро ба дӯш гирад.

Ростӣ, барои мо ҳам нохуб буд, ки масъулиятро ба дӯши ҳизб партофтанд, ки фаъъолони ҲНИТ натавонистанд, ин мулоқотро ташкил кунанд. Бадеҳист, баъзе аз масъулини ҳизб ҳам ҷавоб доданд, ки ин сафари ҳизбӣ набуд ва, агар касе камбудӣ кардааст, худаш бояд посух гӯяд, на ҳизб.

- Ба ҳар ҳол, аз ин сафар ва аз ин боздиди Шумо ба сифати вакили Маҷлиси Намояндагон ва ҳам раиси Ҳизби наҳзҳати исломии Тоҷикистон сафорат чи эҳсос дошт?

Ҳангоми мусоҳиба

- Сафорат аз рӯзҳои аввал ҳамкории хуб ва омодагӣ нишон дод. Вале ин масъаларо чандон ҷиддӣ нагирифтанд. Нафароне, ки ба ин кор масъул шуда буданд, дар охир ба ман гуфтанд, ки мулоқоти Шуморо кадом як бригадири аробакашони бозори “Черкизово”-и Маскав ваъда дод ва ҳамон ҳам ташкил мекард. Ҳамчунин, нафари дигаре, ки бояд пули толорро мепардохт, ғайб задааст. Аз чунин муносибат каме ҳайрон шудам. Шояд сафорат мехост, ки ба мо дар ташкил ва гузаронидани мулоқотҳо кумак кунад. Вале тасаввури онҳо ин буд, ки чунин кор вазифаи сафорат нест. Ин нуктаро масъулини сафорат бароям хеле ошкору возеҳ гуфтанд.

Изофа ба ин, масъулини сафорат бо ҷамъиятҳои тоҷик дар шаҳрҳое, ки ман сафар доштам, тамос гирифтанд.

Дар шаҳри Уфа банда як ҳолатеро мушоҳида кардам, ки масъулини диаспораҳои тоҷик як каме аз вохӯрдан бо вакил канораҷӯӣ карданд. На танҳо наомаданд, ҳатто таъкид ҳам кардаанд, ки, агар муҳоҷирин ба мулоқот бо мо наоянд, беҳтар аст. Шояд ин хабарҳо дуруст нест ва, ба ҳар сурат, шунидани ин гуна хабарҳо барои ман ногувор буд.

Эҳсос кардам, ки он бемории ҳизбзадагӣ, маҳалгароӣ, ҷиноҳтарошӣ ва худиву бегонасозӣ таъсираш дар миёни ҳамватанони мо дар хориҷ аз кишвар ҳам расида будааст. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, дар сафарҳои баъдӣ, ки шумораҳояш ҳатман бештар хоҳад буд, ҳамчун раиси ҲНИТ сафар кунам, на ҳамчун вакил. Вале бояд дақиқ шавад, ки кӣ бояд сафари вакил ба хориҷ аз кишварро ташкил кунад. Агар ман ҳамчун раиси ҳизб сафар кунам, ҳатман аз ин ҳолатҳои бюрократӣ берун ҳастам. Ва ҳамчун як шаҳрванд ва ҳамчун як вакил дар асоси ҳам қонунҳои Русия ва ҳам Тоҷикистон ҳақ дорам, ки бо ҳамватанонам дар хориҷ дидору мулоқот анҷом диҳам, ки ин осонтар ва бароҳаттар аст.

- Агар иштибоҳ накунем, Шумо дар тобистони имсол низ ба пойтахти Русия як сафари кӯтоҳмуддат доштед. Оё ин сафари дувуми Шумо идомаи сафари аввалӣ буд? Ё якбора рӯ овардани Кабирӣ ба Русия, бахсус, ба муҳоҷирини корри тоҷик, дар чист?

- Воқеъан, дар тобистон як сафаре доштам ба шаҳри Маскав. Бо муҳоҷирон вохӯрдам. Онҳо худашон маро ташвиқ карданд барои як сафари дарозмуддат. Ва онҳо гуфтанд, ки муҳоҷирини Маскав ниёз ба сиёсатмадорони тоҷик доранд. Мехоҳанд воқеъиятро аз шахсиятҳои аввали Тоҷикистон фаҳманд, ки дар кишвари онҳо касе дар ғамашон ҳаст, ё не. Онҳо худашон ташвиқ ва талаб карданд ва мо ин барномаи сафарро рехтем.

Агар мо қаблан бо ҳамватанони худ, бахусус бо собиқ ҷонибдорони оппозитсюн, дар хориҷ суҳбат мекардем, онҳо мегуфтанд, ки ҷонибдори мо ва ҳизби мо ҳастанд. Вале инҳо мегуфтанд: моро ором гузоред. Қаблан чунин буд. Вале сафарҳои ахири банда ба Русия як ҳолати аксро ба ман нишон дод. Мардум акнун аз мо даъво доранд ва талаб мекунанд, ки барои чи суроғи онҳо намеравем? Барои чи намехоҳем садои онҳоро бишнавем? Шахсан дар ҳайрат афтодам: оё миллати мо нотарс шудааст? Ё бедортар шудааст ва ё худшиносии онҳо боло рафтааст? Инро бояд омӯхт, чаро муҳоҷирин дигар талаб маекунанд, ки ҳизбҳои сиёсӣ, бахусус он нерӯҳои сиёсие, ки мехоҳанд ҳамкорӣ кунем, ба суроғашон намеоянд.

Дар умум, аз ин худшиносии ҷадид ва тозаи миллат хеле хушҳол ҳастам. Ин камбуди мо, сиёсатмадорон, аст, ки худро дар дохили кишвар маҳдуд кардаем. Ҳол он ки нерӯи аслии миллати мо дар хориҷ аст. Ман натанҳо нерӯи ҷисмонӣ ва кориро дар назар дорам.

Вақте дар шаҳри Маскав ва Қазон бо аҳли зиёи тоҷик суҳбат мекардем, эҳсос намудам, ки ба оҳистагӣ гули сари сабади интелегенсияи тоҷик ҳиҷрат карда истодааст. Ҳамчунин эҳсос кардам, ки натанҳо кӯчидани нерӯи ҷисмонӣ, балки кӯчидани нерӯи мағзҳо идома дорад.

- Оё муҳоҷирин дар ин бора ҳам гуфтанд, ки муносибат, иртиботу тамоси сафорат бо онҳо дар Русия чи гуна аст?

- Инҷо мехоҳам ду нуктаро таъкид кунам. Фазои умумӣ ва фикри умумӣ дар бораи фаъъолияти сафорат манфӣ аст. Вале ин бештар рабт дорад ба фаъъолияти пештараи сафорат. Он иқдомҳои баъдие, ки сафорат ва ҳукумат пеш гирифтааст, ҳанӯз ба шаҳрвандони мо дар Русия нарасидааст. Чунки онҳо дар чорчӯбаи бозор ва сохтмон маҳдуд ҳастанд ва сафорат наметавонад ба ҳамаи онҳо расидагӣ кунад.

Нуктаи дигар ин аст, ки оҳиста-оҳиста масъулони диаспораҳои тоҷик дар Русия худро маъмур ё “чиновник”-и давлатӣ ҳис мекунанд ва давоми сохторҳои ҳукуматӣ. Онҳо на ин ки худро намояндаи муҳоҷирин ва миллат мешиносанд, то дифоъ аз ҳуқуқи онҳо кунанд, ҳатто дар назди мақомоти ҳукуматӣ. Дар баъзеяшон фикре ба вуҷуд омадааст, ки намояндаи ҳукумат дар байни муҳоҷиронанд. Баръакс, ин як каме иштибоҳ дар шинохти масъулият ва моҳияти диаспораҳо ҳаст. Онҳо намояндаи мардуми муҳоҷиранд, на намояндаи мақомоти расмӣ.

- Тавре дар суҳбат ҳам ишора кардед, сафари Шумо барои мулоқот бо муҳоҷирон ба Русия идома хоҳад ёфт – албатта, на ҳамчун вакил, балки чун раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон. Бигӯед, ки феълан дақиқ шудааст, ки ба кадом шаҳрҳо хоҳед рафт?

- Аллакай ба муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳрҳои Перм, Саратов, Волгоград ва Екатеринбург ваъда додам. Албатта, барои анҷоми як сафар, ки хеле ҳам гарон меафтад, имконият зарур аст.

Ман бо он муҳоҷироне, ки ҳозир ҳастанд куллия масрафоти сафари банда ба ин шаҳрҳоро пардозанд, мувофиқам, вале онҳо низ барои дарёфти рӯзӣ ба онҷоҳо рафтаанд ва беҳтар аст, хароҷот аз сӯи худи мо пардохта шавад. Нийят аст, ки ин вохӯриҳо ҳангоми сафарҳои ман ба хориҷа, ки шумораашон андак нест, анҷом шаванд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG