Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус: натоиҷи пешакии интихобот


Минск, 28-уми сентябр
Минск, 28-уми сентябр

Бино бар натиҷаҳои нахустини ғайрирасмӣ, дар интихоботи ахири порлумонии Беларус номзадҳои содиқ ба президент А. Лукашенко пирӯз шудаанд.

Тибқи иттилоъи хабаргузории «Рейтерс», тарафдорони Лукашенко 100 курсиро касб намуданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Александр Лукашенкоро ИМА ҳамчун охирин диктатори Аврупо арзёбӣ мекунад. Дар арафаи интихоботи порлумоннии 28-уми сентябр Лукашенко маҳбусони сиёсиро аз зиндон раҳо намуда, ба 70 номзади мухолифин имкон дод, то дар ин интихобот ширкат варзанд.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), ки наздик ба 500 нозирашро барои муроқибати интихоботи Беларус сафарбар кардааст, 29-уми сентябр дар бораи ин маърака изҳорот пахш хоҳад кард.

Минск, 28-уми сентябр

Дар ҳамин ҳол, мухолифини ҳукумати феълии Беларус иброз доштаанд, ки ин интихобот тақаллуби маҳз аст. Дар арафаи овоздиҳӣ президенти Беларус Александр Лукашенко ҳузури нозирони САҲА дар интихоботи порлумоннии ин кишварро ҳамчун нишонии талоши ислоҳоти демократии Беларус арзёбӣ намуд.

Онҳо шикоят доштанд, ки овоздиҳии пешакӣ як василаи тақаллуб дар интихобот аст. Аслан, овоздиҳии пешакии Беларус рӯзи 22-вуми сентябр оғоз ёфта буд ва аз миёни 7 миллион мардуми дорои ҳаққи раъй наздики 25% қабл аз 28-уми сентябр раъй дода буданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба қавли мухолифин, намояндагони онҳо дар комиссияи ҳисоби овозҳо ҳузур надоранд.

Минск, 28-уми сентябр

Вале ҳамагӣ чанд дақиқа пас аз анҷоми интихобот аз 300 то 500 пайрави мухолифин дар маркази Минск раҳпаймоии эътирозӣ ташкил намуданд.

Комиссияи марказии интихобот мегӯяд, ки дар интихоботи 28-уми сентябр тақрибан 75% мардум ширкат варзиданд.

Комиссиюни марказии интихоботҳои Беларус мегӯяд, ки аҳзоби мухолифин натавонистанд дар интихоботи парлумонии рӯзи якшанбе ба ҳадди аққал як курсии маҷлис даст ёбанд. Лидия Ермошина, раиси комиссиюн дар нишасти матбуотие дар Минск гуфт, ки "ҳеҷ як номзади оппозитсиюн интихоб нашуд". Вай афзуд: "Ман ҳеҷ гуна тавзеҳе дода наметавонам, танҳо арқоми бадастомадаро шарҳ медиҳам. Натиҷаҳо аз он далолат мекунад, ки сабаби ба парлумон роҳ наёфтани онҳо ин аст, ки интихобкунандаҳо раъй надоданд. Ман қабул дорам, ки дар сурати наздик будани нишондодҳои номзадҳо чизеро баҳс кардан мумкин аст. Аммо агар шумо тафовути шумори овозҳоро дар миёни намояндаҳои мухолифин ва онҳое, ки барояшон овоз доданд, бубинед, ин нишондод аслан ғайри қобили қиёс аст".

Комиссиюни марказии интихоботҳои Беларус гуфт, ки ҳамаи 110 курсии порлумон насиби сиёсатмадорони вафодор ба раиси ҷумҳурӣ Александр Лукашенко шудааст. Натиҷаҳои расмӣ ва ниҳоии интихобот бояд рӯзи ҷумъа эълон шавад. Дар давоми рӯзи душанбе қарор аст Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, ки 500 нозири худро ба интихобот эъзом кардааст, хулосаҳои худро аз тарзи баргузории раъйдиҳӣ маълум кунад.

Мухолифини Беларус мегӯянд, ки раъйдиҳии ахир як шармандагӣ аст.

XS
SM
MD
LG