Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкории ҳаставии Русия ва Венесуэла


Президенти Венесуэла Ҳуго Чавез мегӯяд, ки Русия дар рушди нерӯи ҳаставӣ ба Венесуэла кумак мерасонад. Чавез иброз дошт, ки ӯ пешниҳоди сарвазири Русия Владимир Путин дар мавриди кумаки Русия дар бунёди реактори ҳаставиро қабул кардааст. Ҳафтаи гузашта аснои мулоқот дар шаҳри Ново-Огарево Путин ба Чавез чунин пешниҳод карда буд. Дар ҷараёни боздиди Чавез аз Русия киштиҳои ҷангии Русия барои тамрини низомӣ бо Венесуэла озими ҳавзаи баҳри Кариб шуданд.
XS
SM
MD
LG