Пайвандҳои дастрасӣ

Террори пулисзани машҳур дар Афғонистон


Малолай Какар

Малолай Какар

Дар пайи як суиқасди мусаллаҳона дар шаҳри Қандаҳор Малолай Какар, нахустин пулисзани Афғонистон, кушта шуд.

Залмай Аюбӣ, сухангӯи волии Қандаҳор, ба родиюи “Озодӣ” гуфт, ки Малолай Какар, аз пулисзанҳои маъруфи афғон, дар ҷои ҳодиса ҷон дод, писари 18-солааш феълан бо захмҳои сангин дар ҳолати беҳушӣ дар бемористон аст.

Дар ҳамин ҳол, Юсуф Аҳмадӣ, сухангӯи ҷунбиши Толибон, ба хабаргузориҳо иттилоъ дод, ки ҳадафи суиқасд маҳз Малолай Какар буд.

Хонум Какар, ки модари 6 фарзанд буд, яке аз машҳуртарин занҳои кишвар ба шумор мерафт. Дар борааш, ба ҳайси як чеҳраи барҷастаи Афғонистон, шабакаҳои телевизионӣ ва матбуъоти маҳалливу байнулмилалӣ зуд-зуд хабар медоданд, ба вижа дар робита ба як ҳодисае, ки дар он ӯ се нафарро, ки мехостанд алайҳи ӯ суиқасди навбатиро анҷом диҳанд, кушта буд.

Малолай Какар, нахустин зани пулис баъд аз суқути давлати Толибон, дар идораи пулиси Қандаҳор (ҷануби Афғонистон) раҳбарии бахши мубориза бо ҷиноёти алайҳи занонро бар уҳда дошт. Душманони ҳукумати феълии Афғонистон борҳо ба ҷони ӯ таҳдид мекарданд. Ӯ пулисзани баландмақомтарин дар Қандаҳор буд, ки таҳти раҳбариаш боз 10 пулисзани дигар кор мекарданд.

Ҳамагӣ чанд рӯз пеш Какар бо бахши афғонистонии “Озодӣ” родиюи “Афғонистони Оозод” ҳамсуҳбат шуда, дар бораи мушкилиҳои гурӯҳи худ чунин гуфа буд: “Як мушкил ин аст, ки хоҳарони ҳамкорам, яъне пулисзанҳо, макони зист надоранд. Хонаҳояшон хеле дур ё дар ҷойҳое воқеъанд, ки амнияти хуб надоранд ва ба ҳамин сабаб онҳо ба ҷои корашон дер меоянд”.

Аксари кулли занони Афғонистон ҳаргиз чун М. Какар либоси пулисӣ пӯшиданӣ нестанд

Дар ҳоле, ки ҳамаи бародаронаш афсарони пулис буданд, Какар ҳанӯз соли 1982 ба пулиси Қандаҳор пайваст. Баъд аз он, ки дар Афғонистон ҳукумати Толибон ҷорӣ шуд, Какар аз шуғлаш маҳрум гардид.

Ин бори нахуст нест, ки дар Афғонистон афсари пулисзан аз дасти қотилон кушта мешавад. Моҳи июн як муҳоҷҷим бо туфангча пулисзан Бибӣ Ҳурро дар вулусволии Ҳирот ба қатл расонида буд. Он куштор, ба гуфтаи коршиносон, нахустин суиқасди маргбор ба ҷони пулисзан дар Афғонистони ҷангзада маҳсуб мешавад.


Дар давоми 6 моҳи охир дар ин кишвар дастикам 750 корманди пулис кушта шуданд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти расмии Афғонистон 29-уми сентябр хабар доданд, ки кормандони пулиси кишвар 27-уми сентябр дар пайи як амалиёти вижа дар вилояти Ҳилманд 17 ҷангии гурӯҳи Толибонро ба ҳалокат расонданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Афғонистон соли ҷорӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 4 000 кас, аз ҷумла 1 500 мулкӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG