Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафдорони Лукашенко пирӯз шудаанд


Аввалин натиҷаҳои ғайрирасмии интихоботи парламентии Беларус аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар интихоботи рӯзи якшанбе номзадҳои содиқ ба президенти ин кишвар Александр Лукашенко дастболо шудаанд. Тибқи иттилои хабаргузории Рейтерс тарафдорони Лукашенко 100 курсиро касб намуданд. Сарнавишти 10 курсии дигар то ҳол равшан нашудааст.
Лукашенко аз тарафи ИМА ҳамчун охирин диктатори Аврупо арзёбӣ шудааст. Дар арафаи интихоботи парламентии 28-уми сентябр Лукашенко маҳбусони сиёсиро аз зиндон раҳо намуда, ба 70 номзади мухолифин имкон дод дар сабқат ширкат варзанд. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки наздик ба 500 нозирашро барои муроқибати овоздиҳии Беларус сафарбар кардааст, имрӯз дар бораи ин маърака изҳорот пахш мекунад. Мухолифини беларусӣ иброз доштаанд, ки интихобот тақаллуби маҳз аст.
XS
SM
MD
LG