Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз натиҷаи интихоботи Беларус эълон мешавад


Пешбинӣ мешавад, ки имрӯз натиҷаи интихоботи парламентии Беларус эълон мешавад. Раиси комиссияи интихоботи Беларус Лидия Ермошина гуфт, ки то нисфирӯзии якшанбе беш аз 50% раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат карда буданд. Президенти худкомаи Беларус Александр Лукашенко ба 70 номзади мухолифин имкон дод, ки дар сабқат иштирок намоянд. Аслан барои 110 курси парламенти Беларус 263 довталаб сабқат доштанд. Ҳангоми овоздиҳӣ президент Лукашенко гуфт, нозирони байналмилалӣ собит хоҳанд кард, ки раъйдиҳӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ташкил шуда буд.
Интихоботи парламентии Беларусро 477 нозири Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) муроқибат кардаанд.
Аз солҳои навадуми асри гузашта ба ин тараф Ғарб ягон интихоботи Беларусро озоду одилона арзёбӣ накардааст.
Мухолифин мегӯянд, ки намояндагони онҳо дар ҳисоби овозҳо ширкат надоранд ва аз ин рӯ, наметавон гуфт, ки интихобот ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалист.
Баъди хатми ооздиҳӣ садҳо пайрави мухолифин бо парчамҳои Иттиҳодияи Аврупо ва шиорҳои зидди президент Лукашенко дар майдони Октябри шаҳри Минск ҷамъ шуда, иброз доштанд, ки интихобот авомфиребии маҳз аст.

XS
SM
MD
LG