Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобот дар Беларус оромона мегузарад


Normal 0

Интихоботи парлумонӣ дар Беларус бидуни кадом хушунат ба соъоти поёниаш наздик мешавад. Барои дарёфти 110 курсии парлумони Беларус 263 номзад, аз ҷумла ҳудуди 70 номзади мухолифин, вориди мубориза шудаанд. Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко рӯзи якшанбе дар пайи берун шуданаш аз ҳавзаи раъйдиҳӣ гуфт: “Агар интихобот хуб гузарад, Ғарб омода ҳаст Беларусро эътироф кунад ва ба ин кишвар ба чашми душманӣ нигоҳ накунад. Ба назари ман, эътироф накардани ин интихобот барои нозирони ғарбӣ коре мушкил хоҳад шуд. Вале ҳатто агар эътироф накунанд, ин ҳам натиҷа аст. Мо чандин бор гуфтам ва боз мегӯям, ки мо интихоботҳоро барои мардуми худ ва барои кишвари худ барпо мекунем.”

Лукашенко тааҳҳуд супурда, ки ин интихобот тибқи меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ доир хоҳад шуд.

Аммо мухолифин хафв доранд, ки мақомот мисли интихоботҳои пешин дар Беларус дар ин маърака низ даст ба тахаллуф хоҳанд зад.
XS
SM
MD
LG