Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Лавров аз Амрико ва Гурҷистон


Normal 0

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар суханрониаш дар Маҷмаъи умумии СММ сиёсати хориҷии Амрикоро “якқутба” номида, Вошингтонро ба он муттаҳам кард, ки бидуни назардошти дидгоҳи кишварҳои дигар иқдом мекунад.

Лавров аз ҷумла Амрикоро айбдор кард, ки дар соли 2003 бо баҳонаҳои сохта ба Ироқ ҳамла кардааст. Вазири хориҷаи Русия гуфт, ҳамин ҷанги Ироқ ваҳдату иттифоқи баъд аз ҳамлаҳои 11 сентябр барои мубориза алайҳи терроризм бадастовардаи ҷаҳонро хароб кард: “Ҷаҳон дубора дигар шуд. Дигар барои ҳама комилан рӯшан аст, ки ваҳдати баъд аз 11 сентябри соли 2001 бавуҷудомада бояд дар заминаи арзишҳои орӣ аз ҳар навъ ғаразҳои геополитикӣ, даст кашидан аз меъёрҳои дугуна ва муқобила ба ҳар навъ талоши поймол кардани ҳуқуқи байналмилалӣ аз ҷониби чӣ террористҳо, чӣ тундравони сиёсӣ ва чӣ афроди дигар эҳё карда шавад.”

Сергей Лавров ҳамчунин Гурҷистонро ба таҷовуз болои Осетияи ҷанубӣ дар ҷанги моҳи август айбдор кард. Ин дар ҳолест, ки Гурҷистон дар сар задани ин низоъ Русияро муттаҳам мекунад. Амрико ва ИА низ Маскавро дар истифодаи номусодифи нирӯ алайҳи Тифлис айбдор мекунанд.


XS
SM
MD
LG