Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Хуҷанд» ва «Энергетик» - дар нимфинали Ҷоми Тоҷикистон


Бозиҳои ҷавобии чаҳорякниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2008 баргузор шуданд.

Дастаи «Хуҷанд»- и шаҳри Хуҷанд аз тими меҳмон - «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2007, бо ҳисоби 0:1 мағлуб гардид. Вале аз рӯи натоиҷи ду бозӣ «Парвоз» аз идомаи мубориза барои Ҷоми Тоҷикистон-2008 маҳрум шуд. «Хуҷанд» бошад, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Зеро дар бозии аввал футболбозони Хуҷанд дар сафар бо ҳисоби 2:1 ғолиб омада буданд ва ду голи дар меҳмонӣ ба самар расондаи онҳо 4 гол ҳисобида мешавад. Бозигарони «Парвоз» бошанд, дар сафар як гол задаанд, ки он ба 2 гол баробар аст ва бо як голи дар майдони худ ба ҳадаф расондаашон 3 гол мешавад.

Дар бозии дигари чаҳорякниҳоӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа аз тими мизбон - «Энергетик» бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Бозии аввал низ дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо пирӯзии «Энергетик» бо ҳисоби 4:1 хотима ёфта буд. Бинобар ин «Энергетик» ба нимфинал баромад.

Бад-ин тартиб, дар даври ниманиҳоӣ «Хуҷанд» бо CSKA «Помир»-и Душанбе ва «Энергетик» бо «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода рӯ ба рӯ мешаванд. Бозиҳои аввали ниманиҳоӣ 8-уми октябр ва бозиҳои ҷавобӣ 12-уми октябр доир мегарданд.

XS
SM
MD
LG