Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқи аъзои Конгресс бар сари наҷоти Волл Стрит


Normal 0

Аъзои Конгресси Амрико мегӯянд, бар сари барномаи 700-миллиарддолларии раҳоӣ аз бӯҳрони моливу бонкӣ, ки маъмурияти президент Ҷорҷ Буш ироа кардааст, ба тавофуқ расидаанд. Бино ба гузоришҳои матбуотӣ, пешнависи мувофиқатшуда аз сӯи давлат харидорӣ шудани қарзҳои, ба истилоҳ, “бад” ва бахше аз саҳмияҳои бонкҳо ва ҳамин тавр, ташвиқи бонкҳо ба харидории замонатҳои давлатӣ барои пӯшиши қарзҳои “бад”-и ин бонкҳоро дар бар мегирад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Конгресс Ненсӣ Пелосӣ ва вазири дороии Амрико Ҳенрӣ Полсон гуфтанд, ки пешрафти бузурге алакай ба даст омадааст, вале талошҳо барои ахзи тавофуқи ниҳоӣ ҳанӯз идома дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG