Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи парлумонии Беларус идома дорад


Normal 0

Имрӯз дар Беларус интихоботи парлумонӣ идома дорад. Барои дарёфти 110 курсии парлумони Беларус беш аз 260 номзад, аз ҷумла ҳудуди 70 номзади мухолифин, вориди мубориза шудаанд. Давлати раисиҷумҳур Александр Лукашенко ба беш аз 350 нозири САҲА иҷозат додааст, бар ҷараёни интихоботи рӯзи 28 сентябр назорат кунанд. Лукашенко тааҳҳуд супурда, ки мақомот ин интихоботро тибқи меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ доир хоҳанд кард. Аммо мухолифин хафв доранд, ки мақомот мисли интихоботҳои пешин дар Беларус дар ин маърака низ даст ба тахаллуф хоҳанд зад.


XS
SM
MD
LG