Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои дарёфти 110 курсӣ беш аз 260 номзад, аз ҷумла тақрибан 70 номзади мухолиф вориди корзор шудаанд.

Лукашенко бо исрор мегӯяд, ки Беларус ба хотири беҳтар кардани равобиташ бо Ғарб тамоми корро хоҳад кард, то ки ин маърака ба таври демократӣ доир шавад. Президенти Беларус чанд рӯз пеш аз интихобот аз ҷумла гуфт:

“Агар ин дафъа ҳам интихоботи мо “ғайридемократӣ” арзёбӣ шуда, ба кадоме дар Ғарб хуш наояд, мо бо онҳо ҳар навъ гуфтугӯро бас мекунем. Ман дар сӯҳбат бо хабарнигорони ғарбӣ гуфтам, ки мо ба ин хотир ҳама қонунҳои интихоботии Беларусро ҳатто поймол карда, интихоботро тибқи хосту фаҳмиши САҲА ва Ғарб доир мекунем.”

Аммо мухолифин бо ин гуфтаҳои раисҷумҳур Александр Лукашенко розӣ нестанд. Анатол Лябедзка, раҳбари ҳизби иттиҳоди шаҳрвандии Беларус, мегӯяд, шеваи кору пайкори Лукашенко дар мавриди интихобот рӯшан аст:

“Мо ҳеҷ гоҳ ин маъракаи интихоботиро одилона ва қонунӣ эътироф нахоҳем кард. Вақте дар кумиссиюнҳои интихоботӣ, ки масъулияти шумориши орои мардумро бар ӯҳда доранд, танҳо 0,05 дарсад аз номзадҳои алтернативӣ намояндагӣ мекунанд, мешавад ба роҳатӣ гуфт, ки интихобот намешавад, балки ин як тахаллуфи маъмулӣ ва таъйини вакилони парлумон хоҳад шуд.”

Анатол Лябедзка ҳамчунин гуфтааст, “Лукашенко мехоҳад бо ин корзори интихоботӣ ҳам Русия ва ҳам Аврупоро шантаж кунад. Ба Русия бигӯяд, ки газатро ба ман бо нархи хуб бифурӯш, вагарна ман ба канори Аврупо хоҳам рафт. Ва дар айни ҳол, ба Аврупо, ки бо ман муомила кун, саддҳоро бардор, сармоя ва бозорҳоятро ба рӯи мо боз кун, вагарна Русия ба ин ҷо хоҳад омад ва Лаҳистону Литва хирси русро дар остонаи дари худ хоҳанд дид.”

Мухолифин мегӯянд, тақрибан 30 дарсади номзадҳои онҳо ибтидо бо баҳонаҳои мухталиф радди сабти ном шуданд.

САҲА ба хотири назорат бар ҷараёни интихоботи парлумонии Беларус ба он кишвар зери 400 нозир фиристодааст ва таваҷҷӯҳ ба натиҷагириҳои ин ҳайъати нозирон аз интихоботи Беларус ҳатто аз натоиҷи расмии он маърака бештар аст. САҲА ҳафтае пеш гуфт, интихоботи кунунии парлумони Беларус назар ба интихоботҳои гузашта дар ин кишвар озодтар ба назар мерасад, вале ин созмон то ҳанӯз тазмин нагирифтааст, ки ҳаққи назорат бар ҷараёни шумориши ороро хоҳад дошт ё хайр. Бо ин ҳол, Анн-Марӣ Лизин, раҳбари нозирони САҲА гуфтааст, мақомоти Беларус ба хотири тадвири интихоботе, ки дар Ғарб хубтар қабул шавад, “талоши зиёде ба харҷ медиҳанд”.

Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко чандин бор гуфтааст, ки ӯ хостори равобити хубтар бо Ғарб аст. Аммо ҷанги моҳи августи Русия алайҳи Гурҷистон ба ӯ як шонси дигар дод. Бо вуҷуди фишори Маскав, Лукашенко сарсахтона аз эътирофи истиқлолияти Абхозистону Осетияи ҷанубӣ, минтақаҳои ҷудоиталаби Гурҷистон, худдорӣ варзид.

Ва интихоботи рӯзи 28 сентябр бояд маълум кунад, ки қасди Лукашенко барои беҳбуди равобит бо Ғарб ва азмаш барои баргузории як интихоботи озоду демократӣ то куҷо самимона будаанд.

XS
SM
MD
LG