Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пол Нюмен ба дунё падруд гуфт


Normal 0

Пол Нюмен, аз маъруфтарин ситораҳои Ҳолливуд дар синни 83 аз олам чашм пӯшид. Нюмен дер боз гирифтори саратон буд.

Нюмен то як соли пеш ба ҳунарнамоияш дар саҳнаи синамои Ҳолливуд идома медод ва дар тӯли собиқаи ҳунармандиаш дар беш аз 50 филм нақш офаридааст.

Коргардонҳои ҷаҳонгире, чун Алфред Ҳичкок, Мартин Скорсезе ва бародарон Коэнҳо, иҷрои нақши асосӣ дар филмҳои худро ба Нюмен бовар мекарданд ва ӯ ҳамроҳ бо ҳунарпешаҳои маъруфе, ба мисли Лиз Тейлор, Том Круз ва Роберт Редфорд ҳунарнамоӣ кардааст.


XS
SM
MD
LG