Пайвандҳои дастрасӣ

Дари ИА ба рӯи маҳсулоти шири Чин баста шуд


Normal 0

Иттиҳодияи Аврупо рӯзи шанбе воридоти маҳсулоти ширӣ барои атфолро аз Чин манъ кард. Манъи воридоти ин маҳсулот билофосила дар маърази иҷро қарор мегирад.

Кашфи маводи заҳролуди меламин дар таркиби шири чиноӣ ва мунҷар ба маризии 53 000 кӯдак ва ҳалокати 4 тифл шудани ин шири олуда эътимод ба маҳсулоти ширии тавлиди Чинро сахт коҳиш дод. Чин феълан талош дорад, авоқиби ҷанҷоли бархостаро бо иттихози тадобири шадид рафъ кунад.


XS
SM
MD
LG