Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин даври мунозирот байни Обама ва МакКейн


Номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико – Барак Обама ва Ҷон МакКейн шоми ҷумъа барои нахустин бор дар Донишгоҳи Миссиссиппӣ мунозироти пешазинтихоботӣ доир карданд. Баҳси рақибон дар ин даври мунозирот асосан рӯи масоили доғи сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла Эрону Ироқ ва таҳдиде, ки аз сӯи Русия бармеояд, сурат гирифт. Дар мавриди Эрон, Обама гуфт, Теҳронро набояд имкони даст ёфтан ба силоҳҳои ҳастаӣ дод, вале Вошингтон бояд Теҳронро бо васоили дипломатӣ ташвиқ кунад. МакКейн раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро дар қасди аз байн бурдани Исроил айбдор кард ва пешниҳоди Обама дар бораи музокирот бо Эронро хомӣ номид.
XS
SM
MD
LG