Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши пурқурбонӣ дар ҳошияи Димишқ


Normal 0

Рӯзи шанбе дар асари таркиши мошини бамбгузоришуда дар канораи пойтахти Сурия, шаҳри Димишқ , бино ба хабарҳо, 17 нафар кушта ва 14 тан захмӣ шудаанд. Телевизиони давлатии Сурия мегӯяд, мошини ҳомили 200 кило маводи мунфаҷира дар ҷануби Димишқ, дар наздикии роҳи фурудгоҳи байналмилалии ин шаҳр таркидааст. Гузоришҳои дигар мегӯянд, инфиҷор дар наздикии як посгоҳи амниятӣ дар роҳи фурудгоҳ рух додааст.

Вазири умури дохилаи Сурия Бассом Абдулмаҷид ин бамбгузориро “амали террористӣ” номида, гуфтааст, ҳамаи қурбониҳо афроди ғайринизомӣ буданд.
XS
SM
MD
LG