Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳоии 150 гаравгон дар Фароҳи Афғонистон


Normal 0

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, гаравгонгирон ҳамаи 150 коргари афғонеро, ки ҳафтаи гузашта дар вилояти Фароҳ рабуда буданд, раҳо кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, аксари гаравгонҳо рӯзи ҷумъа ва се тани боқимондааш рӯзи шанбе раҳо ёфтаанд.

Ин афрод, ки дар Фароҳ машғули эҳдоси як пойгоҳи низомӣ буданд, рӯзи якшанбеи гузашта рабуда шуданд, вале раҳбарони қабоил баъдан гаравгонҳоро танҳо коргари оддии ин сохтмон эътироф карда, ба раҳоии онҳо дастур додаанд.

Одамрабоён худро ҷангиёни Толибон муаррифӣ мекарданд, вале як сухангӯи аршади Толибон даст доштани инг гурӯҳ дар гаравгонгирии Фароҳро радд кард.


XS
SM
MD
LG