Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тайконавти Чин - дар мадори кайҳон


Normal 0

Тайконавт, ё худ кайҳоннаварди чиноӣ Жаӣ Жиганг аз киштии кайҳонии “Шенжоу 7” ба мадори кайҳон баромад. Жиганг нахустин тайконавти чиноист, ки ба мадор мебарояд ва телевизиони миллии Чин ҷараёни ба мадори кайҳон баромадани ӯро, ки 20 дақиқа давом мекунад, зинда намоиш медиҳад.

Жаӣ Жиганг дар ин муддат либоси кайҳоннавардиеро, ки барои таҳияаш 4 миллион доллар харҷ шудааст, имтиҳон карда, ҳамчунин як силсила озмоишҳои илмӣ анҷом хоҳад дод.

Чин, баъд аз Амрико ва Русия, севвумин кишвар аст, ки ба фазо кайҳоннавард мефиристад.


XS
SM
MD
LG