Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиъаи парвандаи куштори М. Олимпур


Додгоҳи олии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мурофиаи додгоҳии шахси муттаҳам дар қатли хабаранигори «Би-Би-Си»-ро шурӯъ кардааст.

Тибқи иттилоъи ин манбаъ, муттаҳам Насрулло Шарифов, ки тақрибан 38 сол дорад, дар таърихи 12-уми декабри соли 1995 бо истифода аз таппончаи «Макаров» бо ду тир - яке ба пешонӣ ва дигаре ба сина - Муҳиддин Олимпурро ба қатл расондааст.

Усмон Эгамбердиев, вакили мудофеъи Насрулло Шарифов дар ин мурофиа ба таври рӯшан нагуфт, ки шахси мутаҳам ба қатли Муҳиддин Олимпур амалан дар ин куштор даст дорад ё не. Вай ишора намуд, ки дар яке аз бозпурсиҳо Насруло Шарифов гӯё иқрор шудааст, ки оғои Олимпурро худаш бо таппончаи «Макаров» ба қатл расондааст. Ва дар бозпурсӣ ҳамчунин гуфтаст, Олимпурро намешинохтааст ва намедонистааст.

Шаби 12 декабри соли 1995 Муҳиддин Олимпур пас аз анҷоми кори дафтари Би-Би-Си дар Душанбе ба хиёбони Исмоили Сомонӣ меояд, то ин ки ба манзилаш равад. Аммо дар истгоҳ як мошин назди ӯ истода, аз дарун ба вай ишора мекунанд, ки ӯро то манзилаш хоҳанд бурд. Вале дар нимароҳ дар дохили мошин ба ду гулӯлаи тир ӯро ба қатл расонда, ҷасадашро дар рӯдхонаи Душанбе мепартоянд. Дар ҷараёни мурофиа ишора шуд, ки Насруло Шарифов ин амалро бо фармоиши Нозим Юсуфов, яке аз фармондеҳони пешини собиқ оппозитсиюни тоҷик, анҷом додаст.

Додситон Мадвалӣ Исоев гуфт, пас аз қатли Муҳиддин Олимпур шаби 12-уми декабри соли 1995 Насрулло Шарифов ба Русия фирор мекунад ва дар ноҳияи Калинини шаҳри Санкт Петербург бар асари як ҷиноят 7 солу як моҳ маҳкум ба зиндон мешавад. Пас аз он бо дар хости додситонии кулли Тоҷикистон вай аз Санкт Петербург ба Душанбе истирдод шуда ва бо ин тафтиши парвандаи марбут ба куштори Олимпур идома пайдо мекунад.

Сухангӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Юсуфов дар робита ба ин парванда мегӯяд, Насрулоҳ Шарифов дар амалҳои дигари ҷиноӣ низ мутаҳам мебошад.

Дар соли 2003 додгоҳи олии Тоҷикистон ду нафар - Адҳам Тоҳиров ва Назрибек Давлатов, сокинони ноҳияи Ваҳдатро дар қатли Муҳиддин Олимпур ва Виктор Никулин, хабарнигори русзабони Тоҷикистон, гунаҳгор дониста, ба зиндон маҳкум карда буд.

Бино ба иттилои Додгоҳи Олии Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта додгоҳ Аслам Усмоновро ҳамчун ҳамшарики Насрулоҳ Шарифов дар қатли Муҳиддин Олимпур муҷрим дониста 15 соли равонаи зиндон намуд.

Ҳамин манбаъ иттилоъ медиҳад, ки шарики дигари Насрулоҳ Шарифов чанд соли қабл бар асари кадом беморӣ даргузаштааст. Муҳаммадалӣ Юсуфов сухангӯи Додгоҳии олии Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ин мурофиа идома дорад ва дар ҳафтаҳои наздик имкон дорад, ҳукми додгоҳ содир карда шавад.

XS
SM
MD
LG