Пайвандҳои дастрасӣ

Истеъфои раиси Комиссиюни марказии интихобот


Клара Қобилова, раиси собиқи Комиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон

Клара Қобилова, раиси собиқи Комиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон

Раиси Комиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон Клара Қобилова ба истеъфо рафт.

Хонум Қобилова истеъфои худро тавассути набори видеоӣ эълон кард, ки барои аъзои Комиссиюни марказии интихобот ҳодисаи ғайримунтазира мебошад. Гуфта мешавад, Клара Қобилова мебоист дар интихоботи парлумонии Белорус ба ҳайси нозири байналмилалӣ аз Қирғизистон ширкат мекард. Президент Боқиев рӯзи ҷумъа истеъфои Клара Қобиловаро пазируфт ва бо судури як амр вайро аз мақомаш барканор кард.

Ба гуфтаи раиси собиқи Комиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон, вай расман изҳор мекунад, ки дар арафаи маъракаи интихоботӣ ба органҳои маҳаллӣ аз тарафи Максим Боқиев, писари президенти ҷумҳурӣ, мавриди фишор ва таҳдид қарор гирифтааст.

Клара Қобилова меафзояд, як тоҷир шахсеро берун аз доираи одоб ва қонун таҳдид намуд, ки дар мақоми сиёсии давлат қарор дорад ва ба ин васила ҳаёти аъзои хонавода ва пайвандонаш, ҳамчунин ҳамкоронашро ба хатар мувоҷеҳ намудааст.

Аммо Дамир Лисоев, ки то ин замон мақоми ноиби раиси комиссиюни марказии интихоботро бар дӯш дошт ва бо амри президент фавран ба мақоми масъули раиси ин Комиссиюн тайин гардид, перомуни истеъфои хонум Қобилова мегӯяд, аъзои Комиссиюни марказии баргузор кардани референдум ва интихоботи ҷумҳурии Қирғизистон аз изҳороти раиси собиқи комиссиюн нигаронанд. Вай афзуд, зеро маълум нест, ки чаро Клара Қобилова ба чунин иқдом даст зад.

Дар ҳамин ҳол изҳороти Клара Қобилова ва амри фаврии президент дар мавриди барканор кардани раиси комиссиюни интихобот аз мақомаш вокунишҳои мухталиферо ба бор овардааст. Аскар Мамбеталиев, коршиноси масоъили сиёсӣ мегӯяд, бо амри президент ба чунин шитобкорӣ аз мақомаш барканор кардани Клара Қобилова як амали тарҳрезишуда мебошад. Вай афзуд, зеро шитобкории президент далели он хоҳад буд, ки вай аз барканор шудани раиси комиссиюни интихоботӣ манфиатдор аст.

Дар ҳамин ҳол ба ақидаи Мирзо Тоҷиев, як коршиноси ҷавони қирғиз, ҳодисаи мазбур далели он аст, ки ҳукумат чи сиёсатеро дар кишвараш пиёда мекунад. Ин манбаъ афзуд, агар Клара Қобилова мавриди фишор қарор намегирифт, дар он сурат истеъфои худро ба дигар тарз эълон мекард.

Аммо Элмурзо Сотиболдиев, додситони кулли ҷумҳурӣ, гуфтааст, ки агар Клара Қобилова расман ба онҳо муроҷиат кунад, ҳатман қазия мавриди таҳқиқ қарор хоҳад гирифт. Ба гуфтаи ҷаноби Сотиболдиев, пахши иттилооти зидду нақиз дар интернет мунҷар ба ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи касе нахоҳад шуд.

Темир Сариев, раиси ҳизби опозисиюни «Ақ шумқар», бар ин назар аст, ки баъди истеъфои Клара Қобилова бояд ҳамаи аъзои Комисиюни марказии интихобот низ истеъфо диҳанд. Вай меафзояд, дар акси ҳол ин комиссиюн эътибори худро дар назди номзадҳо ва интихобкунандагон аз даст хоҳад дод.


XS
SM
MD
LG