Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилофҳо роҷеъ ба тарҳи наҷоти молии Амрико


Мулоқоти Кохи Сафеди Амрико дар бораи тарҳи наҷоти молии ин кишвар ба натиҷае нарасид. Рузи панҷшанбе Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико раёсати ин мулоқотро бар уҳда дошт. Дар он раҳбарони ҳар ду маҷлиси Конгреси Амрико, номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурӣ Борак Обама ва Маккейн аз Ҳизби Демократ ва Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ширкат доштанд. Ширкаткунандагон бояд роҷеъ ба тарҳи наҷоти молӣ ба тавофуқоти муқаддамотӣ мерасиданд. Ҳадафи ин тарҳи наҷот таъмини суботи иқтисодӣ дар Амрикост. Мулоқот ба сабаби ихтилофи назар миёни Ҳизби Демократ ва Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ба ҳам хурд.

XS
SM
MD
LG