Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиъаи додгоҳии муттаҳам ба қатли Олимпур


Сухангӯи додгоҳии олии тоҷикистон Муҳаммадалӣ Юсуфов гуфтааст, ки ҳафтаҳои наздик имкон дорад ҳукми додгоҳ дар мавриди Насрулло Шарифов, ки дар қатли рӯзноманигори маъруф Муҳиддин Олимпур муттаҳам дониста мешавад содир гардад.

Ба гуфтаи додраси додгоҳи олӣ Мадвалӣ Исоев, ки раисии ин мурофиаро бар ӯҳда дорад, Насрулло Шарифов пас аз қатли Муҳиддин Олимпур шаби 12 декабри соли 1995 ба Русия фирор мекунад ва дар ноҳияи Калинини шаҳри Санкт Петербург барои роҳзанӣ асари як ҷиноят 7 солу як моҳ маҳкум ба зиндон мешавад.

Вай бо дар хости Додситонии кулли Тоҷикистон аз Санкт Петербург ба Душанбе истирдод шуда ва бо ин тафтиши парвандаи марбут ба куштори Олимпур идома пайдо мекунад.

Вале дар мурофиаи ахир Усмон Егамбердиев, вакили мудофеи Насрулло Шарифов, ба таври рушан нагуфт, ки шахси муттаҳам ба қатли Муҳиддин Олимпур амалан дар ин куштор даст дорад ё не. Вай ишора намуд, ки дар яке аз бозпурсиҳо Насруло Шарифов гӯё иқрор шудааст, ки Муҳиддин Олимпурро худаш бо таппонча ба қатл расондааст. Ва дар бозпурсӣ ҳамчунин гуфтаст, ки Олимпурро намешнохтааст ва намедонистааст.

Шаби 12 декабр Муҳиддин Олимпур пас аз анҷоми кори дафтари Би-Би-Си дар Душанбе ба хиёбони Исмоили Сомонӣ меояд, то ин ки ба манзил равад. Аммо дар истгоҳ як мошин назди ӯ қарор дода шуда, ба вай ишора мекунанд, ки ӯро то манзилаш хоҳанд бурд. Вале дар нимароҳ дар дохили мошин ба ду гулулаи тир уро ба қатл расонда, ҷасадашро дар рудхонаи Душанбе, ё «Душанбинка», мепартоянд. Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ишора шуд, ки Насруло Шарифов ин амалро бо фармоиши Нозим Юсуфов, яке аз фармондеҳони пешини собиқ оппозитсиюни тоҷик, анҷом додаст.

Дар соли 2003 додгоҳи олии Тоҷикистон ду нафар - Адҳам Тоҷиров ва Назрибек Давлатов, сокинони ноҳияи Ваҳдатро дар қатли Муҳиддин Олимпур ва Юрий Никулин, хабарнигори русзабони Тоҷикистон, гунаҳгор дониста, ба зиндон маҳкум карда буд.

XS
SM
MD
LG