Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дустии Руссияву Венесуэло бар зидди Амрико


Имруз Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Руссия бо Ҳуго Чавез-раиси ҷумҳури Венесуэло густариши муносиботи дуҷонибаро баррасӣ карданд. Ин дар ҳолест, ки муносиботи Маскав ва Вошингтон ба сардӣ гароидааст. Оқои Медведев аз Чавез ин гуна пазироӣ кард:

"Ҷаноби олӣ, Ҳугои азиз, ман хушбахтам, ки ҳайати кишвари дуст Венесуэлоро хушомадед мегуям".

Баъд аз мулоқоти худ дар шаҳри Оренбург воқеъ дар минтақаи Урол Медведев ва Чавез шоҳиди имзои қарордоди ҳамкорӣ дар бахшҳои нафту гоз шуданд. Рузи панҷшанбе Руссия гуфт, ки ба Венесуэло як милярд доллар қарз додааст, то бо ин маблағ аз Руссия аслиҳа харидорӣ кунад. Влодимир Путин-нахуствазири Руссия гуфт, кишвараш омода аст барои тавлиди нируи барқи ҳастаӣ ба Венесуэло кумак кунад.

XS
SM
MD
LG