Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Туркманистон Қонуни Асосии нав ба тасвиб расид


Имруз Туркманистон Қонуни Асосии нави худро ба тасвиб расонд. Тибқи ин қонун акнун дар ин кишвар низоми бисёрҳизбӣ ва бозори иқтисодӣ барои аввалин бор иҷоза дода мешавад. Қонуни Асосии нав ҳамчунин пароканда кардани Халқ Маслаҳатӣ ё Шурои Мардумии иборат аз 2 ҳазору 500 нафар сарони қабоилу раҳбарони маҳаллӣ ва тавсеъаи порламонро пешбинӣ мекунад. Мақомот мегуянд, барои нахустин бор қонун аз дороии хусусӣ дар ин кишвар дифоъ мекунад.

XS
SM
MD
LG