Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Покистон: Дар як моҳ 1000 тундрав кушта шудаанд


Имруз артиши Покистон гуфт, ки дар амалиёти як моҳи ахир дар наздикиҳои марз бо Афғонистон беш аз ҳазор нафар тундравҳои исломӣ кушта шудаанд. Ториқ Хон-генерали нируҳои шибҳанизомии мавсум ба Сипоҳи ҷабҳаи муқаддам низ ба хабарнигорон гуфтааст, ки аз моҳи августи ба ин су дар ин амалиёт 27 сарбоз низ кушта, беш аз 100 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Аммо ин арқомро сарчашмаҳои мустақил таъйид намекунанд. Гуфта мешавад, дар миёни шуришиёни кушташуда чаҳор фармондеҳи хориҷӣ низ будаанд.

XS
SM
MD
LG