Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Милал барои Тоҷикистон кӯмак хост


Созмони Милали Муттаҳид аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо кардааст, барои таъмини 800 ҳазор мардуми ниёзманд дар Тоҷикистон бо ғизо ва дигар маводи аввалия ҳудуди 35 миллион доллар кӯмак кунанд. Ба гуфтаи Муассисаи ҳамоҳангсози кӯмакҳои башариии Созмони Милал, арзёбии ахир аз вазъи зиндагии мардуми Тоҷикистон нишон додааст, хатари он вуҷуд дорад, ки бештар аз 1 миллиону 300 ҳазор нафари дигар ғизоӣ кофӣ барои хӯрдан нахоҳанд дошт, зеро коҳиши ҳосили зироатҳои имсола ва бӯҳрони ғизоӣ вазъро бадтар кардааст. Зимистони қаҳратуни имсола, ҳамлаи малах ва бар изофаи ин афзоиши қимати маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ ба гуфтаи Созмони Милал дастрасии як бахши чашмгири мардум ба маводи ғизоиро маҳдудтар кардааст. Муассисаи ҳамоҳангсози кӯмакҳои башарии Созмони Милал мегӯяд, маблағҳои дарёфтшуда аз кишварҳои донор барои таъмини ғизои қишрҳои фақири ниёзманд ва ҳамчунин кӯмак дар барқарории зербунёдҳои зарурӣ ва мусоидат ба кишту кор ва афзоиши ҳосили зироатҳои кишоварзон дар соли оянда мебошад.
XS
SM
MD
LG