Пайвандҳои дастрасӣ

Нуктаҳои паёми Э. Раҳмон дар Маҷмаъи кулли СММ


Гурӯҳе аз намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаъи кулли СММ, 25.9.2008

Гурӯҳе аз намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаъи кулли СММ, 25.9.2008

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 25-уми сентябр дар ҷаласаи Маҷмаъи кулли СММ суханронӣ намуд.

Зимни суханрониаш сарвари Тоҷикистон, пеш аз ҳама, рӯи мавзӯъҳои ислоҳоти сохтори СММ, таҳкими низоми он ва нақши ин созмон дар ҳалли масъалаҳои саросарӣ, аз ҷумла таъмини сулҳ ва вокуниш ба таҳдиду хатарҳои асри 21, тамаркуз намуд.

Э. Раҳмон ёдовар шуд, ки соли гузашта башарият бо сислсила буҳронҳои ба ҳам вобастаи энержӣ, озуқа, молиявӣ ва иқлимӣ дучор шуд ки ин сабаби ба амал омадани буҳрони умумии рушд гашт. Ба гуфтаи вай, ин буҳрон ба миллионҳо сокинони кишварҳои дар ҳоли рушд, аз ҷумла Тоҷикистон, таъсири манфӣ расонид. Дар ин робита раисҷумҳур гуфт, ки аҳолии ин кишварҳои камбизоъат умедашонро ба СММ-и қавӣ вомегузоранд ва он метавонад неруи худро барои ҳали ин масалаҳои ҷаҳони муосир равона кунад. Раҳмон ба вижа таъкид намуд, ки ягон давлати қудратманди ҷаҳон наметавонад дар танҳоӣ бар зидди мушкилиҳои мубрам, ба монанди тағйири иқлим ва терроризм, мубориза барад.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон ба шарҳи сабабҳои сар задани буҳрони ғизову иқтисод ва ба ҳамин хотир мушкил гаштани расидан ба ҳадафҳои ҳазорсола пардохт. Бо дархости афзоиши кумакҳои байнулмилалӣ ба Тоҷикистон президенти президенти ин кишвар ҳамчунин изҳори умедворӣ намуд, ки бештари ин кумакҳо ба соҳаи кишоварзӣ равона мегардад.

Сарвари Тоҷикистон таҳдиди буҳрони озуқа ба башариятро на камтар аз таҳдиди тероризм хонд.

Дар ҳамин ҳол, дар суханони Э. Раҳмон ҳушдоре садо дод, ки, агар кишварҳои сарватманд ва пешрафтаи иқтисодӣ ба кишварҳои камбизоъат ва нодор барои рафъи мушкилот мусоъидат накунанд, ин вазъ метавонад ба пайомадҳои ногувор оварад.

Ню-Йорк, 25-уми сентябри соли 2008

Баъд аз ин Раҳмон ба тафсири имконоти Тоҷикистон пардохта, гуфт, ки захоири оби кишвараш 55 дарсади тамоми захоири оби минтақаро ташкил медиҳад ва ин имкон медиҳад, ки на танҳо соҳаи кишоварзӣ, балки соҳоти иқтисоди дигар кишварҳои минтақа низ бо оби тоза таъмин гардад. Захоири оби Тоҷикистон, ба гуфтаи сарвари Тоҷикистон, метавонад манбаъи тавлиди ҳаҷми бузурги энержии нисбатан арзон ва безарари барқ шавад.

Раҳмонов бори дигар мутазаккир шуд, ки бе татбиқи барномаҳои гидроэнергетикӣ ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола ноил шудан номумкин аст. Вай афзуд, ки ин мушкилиҳо, ба вижа дар тӯли сардиҳои зимистони соли гузашта аён шудаанд. Бино бар тахминҳо, афзуд Э. Раҳмон, зимистон ва тобистони оянда душвориҳои зиёдтарро ба бор хоҳанд овард.

Эмомалӣ Раҳмон эълом дошт, ки Тоҷикистон ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷомиъаи ҷаҳонӣ ба мушкилиҳои таъмини об кӯшиши зиёдеро ба харҷ супоридааст ва бо ташаббуси кишвараш СММ ин даҳсоларо даҳсолаи “Об барои ҳаёт” эълон кардааст.

Сарвари Тоҷикистон эълом намуд, ки соли 2010 дар Тоҷикистон “Анҷумани байнулмилалӣ бахшида ба оби тоза” доир мегардад ва даъват намуд, ки кишварҳои ҷаҳон ба ин ҳамоиш намояндаҳои воломақоми худро эъзом намоянд.

Зимни суханрониаш Раҳмон инчунин дар бобати масъалаҳои дигар, аз ҷумла вазъи Афғонистон, муқобила алайҳи бемориҳои сирояткунанда, терроризми саросарӣ, таваққуф кард. Ӯ таъкид намуд, ки бе афзоиши кумакҳои молӣ ва иқтисодии кишварҳои сармоягузор Тоҷикистон имкон надорад ба чолишҳои муъосир посухи сазовор диҳад ва ба ҳадафҳои ҳазорсола бирасад.
XS
SM
MD
LG