Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши тасвиби барномаи наҷоти низоми молии ИМА


Назар ба гузоришҳои расида вакилони Конгресси ИМА дар масъалаи тахсиси миллиардҳо доллар барои наҷоти низоми молии ин кишвар усулан мувофиқат ҳосил анмудаанд. Кристофер Дод раиси Кумитаи бонкии Сенат баъди мулоқоти чандсоатаи раҳбарони Конгресс дар ин бора иттилоъ дод.

Вале раиси гурӯҳи ҷумҳурихоҳон Ҷон Бейнер гуфт, ки то ҳанӯз ҳизбаш ба ягон барнома мувофиқат накардааст.

Тибқи барномаи ҳукумат 700 миллиард доллар бояд барои харидории ба истилоҳ қарзҳои бад масраф шавад ва бо ин роҳ хавфи суқути низоми молӣ рафъ мегардад.
Эҳтимоли тасвиби барномаи наҷот пеш аз мулоқоти таъҷилии президенти ИМА Ҷорҷ Буш бо довталабҳои курсии президенти ИМА Барак Обамаи демократ ва Ҷон Маккейни ҷумҳурихоҳ эълон шуд.

XS
SM
MD
LG