Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 миллиард доллар барои мубориза бо малярия


Раҳбарони олам дар нишасте бахшида ба мубориза бо қашшоқӣ, ки дар чорчӯби СММ доир шуд, ваъда доданд, ки барои мубориза бо малярия дар саросари олам 3 миллиард доллар тахсис медиҳанд. Аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ иброз доштааст, ки барои иҷрои барномаи саросарии мубориза бо малярия 1,1 миллиард доллар ҷудо мекунад. Тахмин мешавад, ки дар сурати татбиқи бомуваффақияти ин барнома дар байни солҳои 2008-2015-ум ҳаёти беш аз 4,2 миллион нафар наҷот дода хоҳад шуд. Маблағҳо барои таъмини даво ва дока масраф мешаванд. СММ бар ин назар аст, ки ҳар сол то 1 миллион нафар бар асари сирояти малярия ба ҳалокат мерасанд.
XS
SM
MD
LG